21:59 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Сел дар Тҷикистон

Раиси Суғд аз ҷои ҳодиса дидан кард: ҳаҷми хисорот то ҳол номаълум

© Фото: Штаб МЧС в Согдической области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Раиси вилояти Суғд шахсан аз мавзеи аз сел харобгашта дидан карда, ба зарардидигон маводи ғизоӣ ва кумаки молия расонд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ бо гурӯҳи корӣ аз ҳокимияти вилоят ба шаҳри Панҷиканд сафар карда, аз ҷойи воқеа дидан кардааст.

Маълум шудааст, ки офати табиӣ асосан ба манзилҳои истиқоматӣ, майдонҳои кишт, хати барқу оби нӯшокӣ ва роҳҳо зарар расонида, хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.   Манбаъ мегӯяд бо сабаби пур будани роҳҳо ва манзилҳои зарардида аз лойоба, ҳаҷми зарари расида муайян нашудааст.

  

Раиси вилоят дастур додааст, то хонаҳои пурра вайронгардида барқарор шаванд ва ба  онҳое, ки манзилҳояшон қисман осеб дидааст, масолеҳи сохтмонӣ кӯмак расонида шавад.

Ӯ ба мақомоти дахлдор барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, тоза намудани хонаҳо, барқароркунии роҳҳои ҳаракати нақлиёт ва хати обу нерӯи барқ супориш додааст.

Ҳокимияти вилояти Суғд ба осебдидагони офати табиӣ ду ҳазор сомонӣ кумак кардааст.

Ҳамчунин  ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи ҷаҳонии СММ ба сокинони ҷамоати деҳоти Амондараи ноҳияи Панҷиканд маводи хӯрока дар ҳаҷми 6,4 тонна додаааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми июн дар пайи боридани борони сахт ва жола дар деҳаҳои Амондара ва Майкадаи ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷиканд сел фурӯ рехт.    

Мавзуъ

Сел дар Панҷиканд: шарҳи КҲФ
Сел дар Панҷиканд 25 хона ва роҳҳоро вайрон кард
Барчаспҳо:
хисорот, сел, Абудраҳмон Қодирӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ