09:12 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Сӯхтор, акс аз бойгонӣ

Бори шашум: Тафсилот аз сӯхтор дар бозори "Корвон"

© Sputnik/ Константин Чалабов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сӯхтор дар Тоҷикистон (8)
47410

Ҳодисаи сӯхтор дар яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Душанбе бори шашум аст, ки рух медиҳад

Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гузориш медиҳад, ҳоло дар Душанбе яке аз бозорҳои калонтарини шаҳр- "Корвон" месӯзад.

Бино бар гузориши манбаъ, забонаҳои оташ, ки аз деворҳои бозор баланд мешавад, аз дур намоён аст. 

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай нахустин наворҳоро аз ҷойи ҳодиса мунташир кардаанд. Ҳоло далели сӯхтор муайян нест. Сокинон шигифтзада шуда, дақиқ карданӣ мешаванд, ки барои чӣ дар ин бозор ҳодисаи сӯхтор бо чандум такрор меашвад.

Маълум аст, ки сӯхтор дар қатори 6-ум ва 7-уми бозор сар задааст, ки маъмулан он сафи фурӯши ҷавоҳирот ва тилловорӣ буд.

Ба гуфтаи шоҳидон ба ҷойи ҳодиса наздики 20 худрави сӯхторхомӯшкунӣ расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор аз соли 2002-ум инҷониб дар ин бозор бори 6-ум аст, ки рух медиҳад. Бори аввал соли 2002 ва бори панҷум соли 2012 дар "Корвон" сӯхтор сар зада буд, ки хисороти охиронро 3,5 миллион дулор ҳисоб карда буданд.

Мавзуҳо:
Сӯхтор дар Тоҷикистон (8)
Барчаспҳо:
сӯхтор, "Корвон", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ