23:09 23 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Э. Раҳмон: Худоро ба ақл мешиносанду бо қалб мепарасатанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷоб

© Фото: Пресс служба Президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85210

Аз қабули қонун "Дар бораи танзими анъана ва ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" даҳ сол сипарӣ гашту ҳукумати Тоҷикистон бар он аст, ки ворид шудани ин гуна қонуни танзимкунандаи расму оин пайомадҳои манфие барои сокинони кишвар дорад

ДУШАНБЕ, 11 июли — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте бо фаъолони кишвар дар бораи бурду бохти 10-солаи кишвар баъд аз қабули қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" гуфт.

Бино бар иттилои раисҷумҳури Тоҷикистон, қабули қонуни мазкур боиси беҳтар гаштани шароити зиндагии мардум ва сарфакорӣ боиси пешравии маънавиву моддии ҷомеа гаштааст.

Раисҷумҳур ҳини суханронӣ, илова бар мавзӯи танзими анъана ва расму маросимҳо, дигар мавзӯъҳоеро низ ба монанди саховатпешагиву инсондӯстӣ, муносибати неки байни одамон, кӯшишу ғайрати одамон дар пайи пешбурди зиндагӣматраҳ кард.

Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон як қатор шахсони мутасаддиро вазифадор кард, ки ба вазифаҳое ба мисли корманди Кумитаи дин ва танзими анъана кадрҳои болаёқатро таъин кунанд, то ин вазифаи пурмаҳсулро содиқона иҷро кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки қонуншиканӣ пеш аз ҳама аз ҷониби шахсони мансабдор сар мезанад, барои ҳамин Вазорати адлия вазифадор шуд, ки барои ин гуна мансабдорон ва сарватмандон ҷаримаи бешитаре пешбароӣ кунад.

Раисҷумҳур аз нақши занон дар оила ва ҳаёти иҷтимоӣ ёдрас шуда, қайд кард, ки дар пешравии оила нақши занон назаррас аст.

Дагар мавӯъҳое, ки кишвардори Тоҷикистон матраҳ кард, ин пешрафти илм ва техника дар замони муосир, ҷавонон,  нақлиёт ва садама, пешниҳодҳои шаҳрвандон барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба ин қонун, азодорӣ ва ғайра мебошанд.

Кишвардори Тоқиситон Эмомалӣ Раҳмон забони давлатӣ ва фарҳанги миллиро яке аз арзишҳои асоситарини давлат ва миллат арзёбӣ намуд.

"Вобаста ба аҳаммият ва зарурати татбиқи қонуни мазкур мехоҳам боз ба ду масъалаи ниҳоят муҳим — арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд, изҳори назар намоям",- гуфт раисҷумҳур.

Ба гуфтаи раисҷумҳур, фарҳанги миллӣ ба сифати пояи устувори маънавиёт ва таҳкими аркони давлатдорӣ арзиши ниҳоят бузург дошта, ҳифзи он вазифаи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

"Солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сару либоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус, миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад"- афзуд раисҷумҳур.

Тавре кишвардори Тоҷикистон қайд кард, як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.

"Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш",- таъкид дошт вай.

"Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдори давлатиро зарур аст, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро ба таври қатъӣ гиранд",- илова намуд раисҷумҳур.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, " агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд".

"Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем",- ишора кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон, "ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд".

Ёдовар мешавем, чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии "ҳолатҳои гаравидани занон ба фарҳанги бегона (сатру ҳиҷоб)" 21 гурӯҳи корӣ ташкил дода шуда буд.

Барчаспҳо:
фарҳанги бегона, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ