ВКД ҳувияти ғарқшудагон дар Дарвозро эълом кард

© Фото : Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар АсламшоеваСел дар Дарвоз
Сел дар Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи чаппа шудани заврақ корманди ШВКД дар ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев, корманди Вазорати дифоъ Наим Саъдуллоев ва кӯдаки 10-сола Фирӯза Акобирова аз ноҳияи Дарвоз дар рӯди Панҷ ғарқ шуданд

ДУШАНБЕ, 17 июл- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи чаппа шудани заврақи наҷотдиҳандагон дар рӯди Панҷ дар ноҳияи Дарвоз се кас ҷон бохта ва чаҳор кас захмӣ шудаанд.

Дар ин ҳодиса корманди ШВКД дар ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев, корманди Вазорати дифоъ Наим Саъдуллоев ва кӯдаки 10-сола Фирӯза Акобирова аз ноҳияи Дарвоз дар рӯди Панҷ ғарқ шуда ва Дороб Лангаров, Мутрибшо Толибшоев, Раҳимҷон Ҷавҳариев ва Худодод Ваҳҳобов захм бардоштаанд.

Кумитаи умури изтирорӣ иллати чаппа шудани заврақро "ноҷур будани қаиқ ё ҳирфаӣ набудани наҷотдиҳандагон" гуфтааст.

"Бино ба иттилоъи пешакӣ, дар паи ноҷурии заврақ ва ҳирфакор набудани қоиқрон ҳангоми гузор аз обанбори селоварда дар рӯди Панҷ заврақ чаппа шуд. Ии ҳодиса дар деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз ба вуқуъ пайваста, заврақ аз они  созмони "Фокус" буд. Дар он ҳафт кас қарор дошт, ки се кас аз онҳо ҷон бохтанд", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Премьер министр Таджикистана Кохир Расулзада посетил Дарваз после селевого потока - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Расулзода аз рустоҳои Дарвоз: роҳро ширкати чинӣ бозсозӣ мекунад

Сухангӯи Кумитаи умури изтирорӣ ғарқшудагонро корманди вазорати дифои Тоҷикистон, маъмури пулиси ноҳияи Рӯшон ва духтарчаи 10-солае аз деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз хондааст.

"Дар ҷои ҳодиса, наҷотдиҳандагони Кумитаи умури изтирорӣ, кормандони нерӯҳои интизомӣ, марзбонӣ ва аҳолии маҳаллӣ ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон барои пайдо кардани ҷасадҳои ғарқшудаҳо, ҷустуҷӯ доранд", — гуфтааст Юсупова.

Нерӯҳои интизомии кишвар ин пешомадро бозҷӯӣ доранд.

Рӯзи 8 ва 9 июл аз дараҳое дар каронаи афғонистонии Дарвоз селу гилшор фурӯ рехта ва бистари рӯди Панҷро дар ду ҷо баст.

Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 14 кас куштаву 20 кас захмӣ ва дар 143 хона куллан ва 55 хона қисман вайрон ва 16 нерӯгоҳи хурди барқобӣ, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр роҳ ва 11 пул нобуд шуданд.

Дар канораи тоҷикистонии рӯди Панҷ рустоҳои Хостав ва Ширговад аз сел осеб диданд.

Лентаи хабарҳо
0