06:29 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар, акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонид

© Фото: Аз дафтари матбуоти президенти ҶТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта як қатор қонунҳоро, ки пештар Маҷлиси Олиии ҶТ пешниҳод карда буд, ба имзо расонид

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Чунончи, қонунҳои конститутсионии ҶТдар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ, "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ", "Дар бораи Ҳукумати ҶТ", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" ва "Дар бораи сайёҳии дохилӣ" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии ҶТ "Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ", "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ", "Дар бораи Ҳукумати ҶТ" бо мақсади таҳкими фаъолияти ин мақомот ва мутобиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи ҶТ воридшуда, баланд бардоштани масъулияти узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони ва аъзои Ҳукумати кишвар равона карда шудаанд.

"Муқаррар шудааст, ки узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб ё таъин шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошанд. Дар навбати худ ба даст овардани шаҳрвандии давлати дигар асос барои қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат мегардад",- гуфта мешавад дар хабар.

Қонуни ҶТ "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба табиат зимни фаъолияти хоҷагидорӣ қабул гардида, тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, салоҳияти Ҳукумати ҶТ ва дигар мақомоти давлатиро дар ин соҳа муайян мекунад.

Қонуни ҶТ "Дар бораи сайёҳии дохилӣ" асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сайёҳии дохилиро муайян намуда, барои фароҳам овардани шароит ба рушди соҳа нигаронида шудааст.

Дар Қонун низоми сайёҳии дохилӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии рушди соҳа, тартиби ташкили хизматрасонӣ дар соҳаи туризми дохилӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хизматрасонӣ ва сайёҳон, ҳамкориҳои байналмилалии соҳа ва дигар паҳлуҳои он танзим гардидааст.

Қонунҳои ба имзорасида ба пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Барчаспҳо:
имзо, қонун, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ