01:06 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Здание парламента Республики Таджикистан

Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти Маҷлиси Тоҷикистон мунсариф шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Раиси Кумитаи меъмориву сохтусози Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, сохтмонҳои нави Маҷлис бо сармоягузории Чин бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтусози ҶТ, имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки сохтмонҳои нави Маҷлиси Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе бо воми билоивази саддарсадии Чин сохта мешаванд.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, вай таъйид карда, ки Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти ин муҷтамаъ мунсариф шуда ва гуфта, ки он бо гранти 100-дарсадии Чин бунёд мешавад.

Аҳмадзода ҳаҷми воми Чинро 230 милюн дулор унвон карда ва гуфтааст: "Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд".

Тарҳи "Муҷтамаъи Маҷлиси Тоҷикистон" ҳамакнун омода аст ва ин сохтмон бояд дар маркази шаҳри Душанбе рӯ ба рӯи Боғи Рӯдакӣ сохта шавад.

Пештар гуфта мешуд, ки Арабистони Саъудӣ барои сохтусози сохтмонҳои Давлат ва Маҷлиси Тоҷикистон 200 милюн дулор сармоягузорӣ хоҳад кард.

Мавзуъ

Сармоягузории 200-милюндулории Арабистони Саудӣ дар сохтмони Маҷлиси Тоҷикистон
Барчаспҳо:
Маҷлис, сохтмон, Кумитаи меъморӣ ва сохтусози ҶТ, Ҷамшед Аҳмадзода, Тоҷикистон-Чин

Мавзӯъҳои асосӣ