06:27 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Кормандони дармонгоҳ дар Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

Ҳушдор аз КҲФ: ҳаво дар Суғд 41 дараҷа ва дар Хатлон 44 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
139 0 0

Кумитаи авзоъи фавқулода бар пояи додаҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон аз бисёр гарм шудани ҳаво дар кишвар дар 10 рӯзи оянда ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бино бар гузориши Шаҳзода Буттаева, корманди Ситоди авзоъи фавқулодда дар вилояти Суғд, аз 20-ум то 31-уми июл дар бештари қаламрави кишвар ҳаво бисёр гарм хоҳад шуд.

Бино бар додаҳои Созмони ҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Суғд 36 — 41 дараҷа ва дар вилояти Хатлон то 44 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чуноне, ки САФ вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, бо таваҷҷуҳ ба гарм шудани ҳаво дар кӯҳдоманҳо, кӯҳсорон ва кӯҳистонҳои кишвар хатари фурӯ рехтани селу гилшор ва туғёни рӯдҳо дар паи об шудани пиряхҳо пешбинӣ мешавад.

Бино бар ин КАФ мардум ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар дар роҳҳои кӯҳистонӣ, чаронидани чорво дар кӯҳдоманҳо, гаштугузор зери офтоб, шино дар рӯду дарёчаҳо худдорӣ кунанд.

Дар сурати рӯй додани авзоъи фавқулода мардум метавонанд бо шумораҳои (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 бо САФ вилояти Суғд тамос бигиранд.

Барчаспҳо:
дужомадҳои нобаюсида, ҳавои гарм, ҳушдор, КҲФ, сокинон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ