Дар Душанбе нишасти С5+1 баргузор гардид

Обуна шудан
Чанде пеш дар Душанбе нишасти С5+1 бо ширкати намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва ИМА баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Чанде пеш дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва ИМА ҷаласаи Коргурӯҳи баррасии масъалаҳои амниятӣ дар чорчғби С5+1 баргузор шуд.

Муовини ҳамоҳангсози масоили мубориза бо теруризм ва ифротгароӣ дар Вазорати умури хориҷаи Амрико Карл Пашалл бо ширкати сафири ИМА дар ҶТ Элизабет Миллард ҳайъати намояндагони ИМА-ро сарварӣ намуданд.
C5 + 1 формати мусоиди мулоқот ва платформа барои кушишҳои муштарак баҳри ҳалли масъалаҳое, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва давлатҳои Осиёи Маркази бо онҳо рӯ ба рӯ мегарданд, мебошад.

Дар вохурии аввалини вазирҳо дар формати С5 + 1, ки моҳи ноябри соли 2015 дар Самарқанд баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки таваҷҷуҳи хосаро ба се бахши асосии аҳамияти умумӣ дошта равона менмоянд: амният, иқтисодиёт ва масъалаҳои муҳити зист (экологӣ).

Дар вохурии дуюми вазирон дар формати С5+1, ки моҳи августи соли 2016 дар Вошингтон баргузор гардид, вазирони шаш давлат ба мувофиқа омаданд, ки панҷ лоиҳаро дар се соҳаи асосӣ роҳандозӣ менамоянд. Лоиҳаҳои мазкур аз ҳисоби ассигнатсияи Конгресси ИМА ба маблағи 15 млн. долл. ИМА маблағгузорӣ карда мешаванд.

Аз лаҳзаи таъсиси формати C5 + 1 давлатҳои Осиёи Марказӣ дар усулҳои минтақавии баррасии масъалҳо бештар манфиатдор гардидаанд ва формати мазкурро ҳамчун катализатор барои амалҳои муштарак дида мебароянд.

Лентаи хабарҳо
0