05:35 21 августи 2017
Пахши мустақим
Ҳуҷра, акс аз бойгонӣ

ВУД ҶТ: дар Душанбе боз як мард ба иттиҳоми табдили манзилаш ба фоҳишахона дастгир шуд

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32210

Муттаҳам манизилашро ба се марду се зан барои муносибатҳои маҳрамона вогузор кардааст

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik.  Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон субҳи имрӯз аз дастгир шудани як шаҳрванди 26-сола дар шаҳри Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дар манзилаш хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ин муттаҳам 9 август бо марде 34-сола ҳамдаст шуда хонаашро, ки дар кӯчаи Ҳисор ҷой дорад, барои се марду се зан — марди 31-солае аз Душанбе, зани 37-солае аз ноҳияи Ҳисор, марди 31-солае аз кӯчаи Мушфиқӣ, зани 43-солае аз кӯчаи Ҳисор, марди 24-солае аз кӯчаи Нисор Муҳаммад ва зани 22-солае аз кӯчаи Нусратулло Махсум барои муносибатҳои маҳрамона вогузор карда ва аз онҳо 800-сомонӣ пул гирифтааст.

Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз карда, ҷузъиёташро бозрасӣ доранд.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, боздошт, мард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ