10:56 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Задержание. Архивное фото

ВУД: мардеро дар қурутобхона лату кӯб карда, 7 рӯз дар анбор ғайриқонунӣ нигоҳ доштанд

© Sputnik / Андрей Стенин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

ВУД далели ин амали табаҳкоронро шарҳ намедиҳад, аммо гуфта мешавад, ки вайро аз Хуҷанд ба Душанбе овардаву тайи 7 рӯз ғайриқонунӣ дар анбор аз озодӣ маҳрум карданд

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. ВУД гузориш медиҳад, ки  аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини кӯчаи Лучоби шаҳри Душанбе ва марди 30-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ маҳрум намудани шахс аз озодӣ дастгир карда шуданд. 

Номбурдагон, рӯзи 7-уми июли соли 2017 аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд марди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшанро маҷбуран ба шаҳри Душанбе оварда, ба яке аз утоқҳои қурутобхонае, ки ба марди 25-солаи мазкур тааллуқ дорад, бурда, лату кӯб намудаанд. 

Баъдан, ӯро дар ҳуҷраи анборхонаи нуқтаи таъмиргоҳи воситаҳои нақлиёт, ки дар қафои қурутобхонаи мазкур ҷойгир мебошад, аз санаи 14-ум то 21-уми июли соли 2017 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
лату кӯб, мард, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ