00:06 18 августи 2017
Пахши мустақим
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Рустам Эмомалӣ барои маҳаллаи беҳтарини Душанбе 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад

© Flickr/ Официальный сайт президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9310

Ҳукумати шаҳри Душанбе озмун эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Тибқи қарори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар миқиёси пойтахт барои муайян кардани маҳаллаи беҳтарин ва кӯчаи беҳтарин озмун эълон карда мешавад.

Бино бар гузориши шаҳрдории Душанбе ин озмун ба ҷашни 26-солагии истиқлолият бахшида шуда, дар арафаи ин ид ҷамъбаст мегардад.

"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағи мукофотҳои пулиро барои «Маҳаллаи беҳтарин» — 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва "Кӯчаи беҳтарин"т-10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд",- омадааст дар қарори шаҳрдори Душанбе.

Ҳамин тавр маҳаллае, ки дар ин озмун ғолиб меояд, 20 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад.

Барчаспҳо:
мукофотпулӣ, маҳаллаи беҳтарин, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ