14:23 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур: хатнасур дар иҳотаи хонавода ва бидуни суруду мусиқӣ гузаронида шавад

© Фото: Пресс служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
297 0 0

Яке аз тағйиру иловаҳое, ки ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" ворид карда мешавад, ин тартиби нави гузаронидани хатнасур мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба якчанд қавонини ҶТ пешниҳод кард, ки яке аз онҳо тағйиру илова ба қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ" мебошад.

Тавре пештар хабар дода шуд, мувофиқи пешниҳоди раисҷумҳур минбаъд дар кишвар гузаронидани чанде маъракаҳо мамнӯъ мешавад ба чанде аз онҳо дар доираи хонавода маҳдуд карда мешавад.

Аз ҷумла  гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии Тоҷикистон, дар лоиҳа тартиби нави гузаронидани хатнасур низ пешниҳод мегардад.

"Минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш  пешниҳод манзур гардидааст",-гуфта мешавад дар шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур.

Ҳамин тавр пас аз қабули қонун, хатнасурӣ дар доираи хонавода ва бидуни суруди мусиқӣ гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
хатнасур, танзим, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ