18:24 18 январи 2018
Пахши мустақим
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон

Тағйироти кадрӣ: аз барканории Назарзода то мақоми нави Солизода

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (32)
1554 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои се амр бархе аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои се амр чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бо амрҳои Эмомалӣ Раҳмон Сайфиддин Назарзода аз симати мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор гардида ва Абдусалом Мирализода ҷойгузинаш шудааст.

Бо амри дигаре раисҷумҳур Олимҷон Солизодаро мудири Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кард.

Олимҷон Солизода, 24 октябри  соли 1967 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи санъаткор таваллуд шудааст, маълумот-олӣ, хатмкунандаи Факултаи санъати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мебошад.

Номбурда фаъолияти эҷодии худро дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун сарояндаи сурудҳои эстрадӣ оғоз намудааст. Вай дар ансамблҳои шашмақомхонони "Нури Хучанд" ба ҳайси овозхон, дар Театри давлатии драмаи русии Бӯстон ба ҳайси мудир, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси Раёсати санъат, дар Театри давлатии опера ва билети ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳайси муовини мудир, фаъолият намуда, пасон дар Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" дар вазифаи саркоргардон кор кардааст.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (32)
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ