Ислоҳоти милитсия: дар шаҳри Хоруғ тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото.
Вид на город Хорог, ГБАО. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи ислоҳоти милитсия дар як қатор шаҳру вилоятҳои кишвар чорабиниҳои омӯзишӣ барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17 авг— Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, чунин тренингҳо дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Душанбею Рашт аллакай баргузор шуданд.

Рӯзи 16 август дар шаҳри Хоруғ тренинги омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба гузориши манбаъ, дар ин дидор Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД масъулиини мақомоти ҳифзи ҳуққи Вилояти мухтори Кӯҳиистони Бадахшон ширкат карданд.

Онҳо дар  мавзӯи "Тадбирҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ", "Стратегияи фаъолияти политсияи САҲА", "Самтҳои асосии ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон" баромад карданд.

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТБарномаи ислоҳоти милитсия дар шаҳри Хоруғ
Барномаи ислоҳоти милитсия дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Барномаи ислоҳоти милитсия дар шаҳри Хоруғ

Дар тренинги мазкур омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт.

Чорабинии мазкур дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо дастгирии молиявии дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0