Дар Душанбе ҳудуди 1,5 ҳазор сохтмонро ба сомонаи марказии гармирасонӣ пайваст мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевНерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2”, акс аз бойгонӣ
Нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2”, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То оғози мавсими гармирасонӣ беш аз 1,5 ҳазор сохтмон, аз ҷумла сохтмонҳои иҷтимоӣ (бемористонҳо, мактабҳо)дар навоҳии Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино ба маркази гармирасонии пойтахт пайваст мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, хатҳои интиқоли оби гарм 99 дарсад омода гаштаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияҳои хурди Душанбе барои пайваст кардан ба маркази гармидиҳӣ лӯлаҳои кӯҳнаро иваз мекунанд.  Ин корҳо бояд то моҳи октябр, то шурӯъ шудани мавсими гармирасонӣ  ба анҷом расанд.

Дар асоси додаҳои ин ниҳод, дар чорчӯби тарҳи нерӯгоҳи ҳароратии "Душанбе-2" дар ноҳияи хурди 82-уми пойтахтмаркази тақсими гармӣ сохта шудааст.
Нерӯгоҳи ҳароратии "Душанбе-2" танҳо барои тавлиди нерӯи барқ ва гармӣ ихтисос ёфтааст ва дар тарҳи сохтусози ин созмон коркарди оби гарм пешбинӣ нашудааст.

Тавоноии Нерӯгоҳи ҳароратии "Душанбе-2" 400 мегаватт нерӯи барқ мебошад. Ин сохтмон бо ангишт кор мекунад ва дар як шабонурӯз 6 ҳазор тонна ангишт масраф мекунад.

Лентаи хабарҳо
0