Озмуни Tcell барои ишғоли вазифаи операторӣ

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Tcell в Душанбе, архивное фото
Здание Tcell в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати Tcell барои посух додан ба саволҳои муштариёни ширкат дар шаҳри Душанбе оператор меҷӯяд

ДУШАНБЕ, 28 авг- Sputnik. Ширкати мобилии Tcell барои ишғоли вазифаи операторӣ озмун эълон кардааст.

Эълони озмун дар саҳифаи фейсбуки ширкати Tcell мунташир шудааст. Санаи охирини қабули дархости ширкат дар озмун, рӯзи 31 август муқаррар шудааст.  

Шарти муҳимтарин барои ширкат дар озмум — доштани маълумоти олӣ, донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва малакаи корбурд бо барномаҳои MS Word, MS Excel, Internet гуфта шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки таҷрибаи яксолаи корӣ дар соҳаи алоқа ҳам ба назар гирифта мешавад.

Довталабон метавонанд то рӯзи 31 августи соли равон дархости худро ба суроғаи электронии hr-info@tcell.tj  равон кунанд.

Лентаи хабарҳо
0