15:46 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Рамазон Рахимзода. Архивное фото

Раҳимзода барои шикояти як турк аз ришвахории милисаҳои тоҷик 25 кормандашро муҷозот кард

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40710

Бо фармони вазири корҳои дохила аз 28-уми август 25 корманди милиса муҷозот шуданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Равобити умуми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки вазири ин ниҳод барои  мақолаи  як гардишгари турк, ки аз ришвахории милисаҳои тоҷик шикоят мекард, 25 кормандашро муҷозот кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Вазорати корҳои дохилӣ мақолаи дар шабакаи интернет таҳти унвони "Ягон пулис мисли Тоҷикистон аз паси ришва нест"-ро, ки аз ҷониби аксбардор ва сайёҳи турк Меҳмет Генҷ нашр шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Зимни санҷиши хизматӣ муайян карда шуд, ки баъзе кормандони ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе, ШБДА дар Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбачаҳои БДА мақомоти корҳои дохилӣ дар ш.Кӯлоб, ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Дарвоз ба камбудиҳо ва қонуншиканӣ роҳ додаанд.

"Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуда, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2017 ба 25 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Барчаспҳо:
гардишгар, ришва, Рамазон Раҳимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ