00:13 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Либосҳои макабӣ, акс аз бойгонӣ

Хадамоти гумрук аз қочоқи пӯшокҳои маткабии Узбакистон ҷилавгирӣ кард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар натиҷаи баргузории як амалиёт дар бозори "Дӯстӣ-и Душанбе мавриди фурӯши ғайриқонунии пӯшокҳои маткабиро кашф карданд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Бино бар иттилои маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ниҳод қочоқи пӯшокҳои мактабии Узбакистонро дар Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, сокини 35-солаи Истаравшан дар растаи фурӯши худ пӯшокҳои маткабӣ мефурӯхт, ки онҳо санади зарурии гумрукиро надоштанд. Ба гуфтаи фурӯшанда вай пӯшокҳоро аз соҳибкорони номаълуми суғдӣ барои фурӯш дар Душанбе харидааст.

Ҳамаи колоҳои фурӯшанда, ки санади зарурӣ надоштаанд, мусодира гардидаанд.  Дар ин маврид парвандаи маъмурӣ боз ва ба додгоҳ таҳвил шудааст.

Барчаспҳо:
либос, мактаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ