23:49 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот дар Душанбе

Милисаҳо гӯштро 20-сомонӣ хариданд: 26-умин солгарди истиқлоли ҶТ

© Фото: МИД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
60110

Кишоварзони ноҳияҳои Тоҷикистон маҳсулоташонро бо нархи арзон ба милисаҳо фурӯхтанд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ба гузориши ВКД ҶТ, дар остонаи Рӯзи истиқлол имрӯз, 6 сентябр бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ намоишгоҳ-фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.

Деҳқонони ноҳияҳои Панҷиканд, Ҷайҳун, Шаҳринав, Хуросон, Турсунзода, Вахш, Бохтар, Варзоб, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар корхонаву ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи арзон ба милисаҳо пешкаш карданд.

Тибқи маълумоти манбаъ нахрҳои ин ярмарка аз баҳои маҳсулоти бозорӣ аз 30 то 40 фоиз арзонтар будааст.

Чунончи як килу гушт 20 сомонӣ, як килу биринҷ 5 сомонӣ, як килу себзаминӣ 1 сомону 50 дирам, пиёз ва помидор 1 сомонӣ, як дона тарбуз ва ё харбуза 5 сомонӣ, як дона тухм 50 дирам нарх доштааст.

  • Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе
    Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе
    © Фото: МИД РТ
  • Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе
    Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе
    © Фото: МИД РТ
  • Ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Душанбе
    Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе
    © Фото: МИД РТ
  • Ярмарка фурӯши маҳсулот дар Душанбе
    Ярмарка фурӯши маҳсулот дар Душанбе
    © Фото: МИД РТ
1 / 4
© Фото: МИД РТ
Фурӯшгоҳи арзон дар Душанбе

Ин нахустин намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои милисаҳо набуда, дар остонаи иди Рамазон ҳам барояшон маҳсулоти нисбатан арзон пешкаш шуда буд.

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)

Мавзуъ

Нархи наво арзон мешавад. Дар Хуҷанд
Барчаспҳо:
гушти 20 сомона, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ