Рӯзи панҷшанбе ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ду дараҷа паст мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото
Мужчина играет у фонтана с ребенком, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, ҳафтуми сентябр. Боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино ба гузориши созмони ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 7 сентябр дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда дар баъзе минтақаҳо ҳарорати ҳаво то ду дараҷа паст мешавад.

Бар асоси пешбинии ин марказ, имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 23 то 30 дараҷа ва дар шарқи он аз 11 то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 33 то 38 дараҷа гарм мешавад.

Мужчина отдыхает у фонтана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво аз 30 то 35 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона 35-37 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0