23:49 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Русия ва кишвардори Тоҷикистон

Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлол шодбош гуфт

© Flickr/ Сайт президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
66 0 0

Раисҷумҳури Русия гуфтааст, муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарики стратегӣ бомуваффақият рушд мекунад

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  ба муносибати ҷашни Истиқлол муборакбод намуда, аз ҷумла қайд кардааст, ки аз рушд ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Русия қаноатманд аст. Патин ба Раҳмон саломативу муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу осоиштагиро таманно кардааст.

"Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо бо ҷашни миллӣ — Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ бомуваффақият рушд мекунанд. Муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Москва ва Душанбе дар ҳалли масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории самаранок доранд.

Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои шарикии миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоем. Ин комилан ҷавобгӯи манфиати мардумони дӯсти мо аст ва дар маҷрои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин ба тамоми ҳамватанонатон — сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам".    

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
табрикот, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ