23:49 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Духтарон дар ҷашни Наврӯз

Тоҷикистон рӯзи истиқлолро таҷлил мекунад

© Фото: Официальная страница президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
44 0 0

Имрӯз Тоҷикистон 26-умин солгарди Рӯзи истиқлолро таҷлил мекунанд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Мардум аз субҳи имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ ва тафреҳии Душанбе, ки барномаҳои консертӣ оғоз мешавад, гардиш мекунанд.

Маросими аслии ҷашни истиқлол дар варзишгоҳии марказии Душанбе барпо мегардад. Дар варзишгоҳ намойиши "Дар роҳи истиқлол" ва барномаи консертӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҶТ ва аъзои ҳукумат баргузор мешавад. Ин маросим дар соъати 19.00 оғоз мегардад.

Бино ба додаҳои вазорати фарҳанги ҶТ, имсол дар барномаи консертӣ бештар ҳунармандони ҷавон, аз ҷумла Ҷовид Нозимов, писари ҳунарманди мардумии Тоҷикистон — Зафар Нозим, ҳунарпешагони театри опера ва балет, гурӯҳҳои рақси "Чаманоро", "Зебо", навозандагони Филармонияи давлатӣ ширкат хоҳанд кард. Имсол Рӯзи истиқлол бидуни режаи низомӣ баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ба муносибати рӯзи истиқлол 3 рӯз, рӯзҳои 9, 10 ва 11 сентябр истироҳат мекунанд.

Мавзуҳо:
9-уми сентябр- рӯзи Истиқлол: 26 соли мустақилияти Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
истиқлол, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ