00:29 19 ноябри 2017
Пахши мустақим
Эмомали Рахмон. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолони вилояти Суғд мукофотҳои давлатӣ фиристод

© Фото: Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
325 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолони вилояти Суғд мукофотҳои давлатӣ фиристод

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд ин мукофотҳоро раисҷумҳур ба муносибати 26-умин солгарди истиқлол туҳфа кардааст.

Манбаъ номи фаъолонепро, ки сазовори мукофотҳои давлатӣ шудаанд наовардааст.

Маросими супоридани мукофотҳо дар маҷлисгоҳи шаҳри Истаравшан  баргузор шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, мукофотҳои давлатиро муовини якуми сарвазири Тоҷикистон  Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тақдим кардаанд..

Мукофотҳои давлатӣ бо фармони раисҷумҳур бахшида ба ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсиятҳои сазовор, ки дар фаъолияти меҳнатии худ ба дастовардҳои арзанда ноил гардидаанд, супорида шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Абдуҷабор Саттторзода мутобиқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро ба як қатор кормандони милитсия супоридааст.

Мавзуъ

Э. Раҳмон ба дасти Сатторзода ба милисаҳо мукофотҳои давлатӣ фиристод
Барчаспҳо:
мукофоти давлатӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ