15:13 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открывает новые объекты в Хатлонской области

Раҳмон дар Хатлон бинои маъмурии шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ кард

© Фото: Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Дар деҳоти Шӯрообод ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тавре дафтраи матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншоотҳои нав ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон сафар кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарон ва фаъолону сокинони кишвар пешвоз гирифтанд.

"Дар деҳоти Шӯрообод ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон  Эмомалӣ Раҳмон  бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор дод",- омадааст дар иттилои манбаъ.

 Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро,ки дар он шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, дар рӯзҳои таҷлил аз 26 солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин арзёбӣ кард.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои 6 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Дар бинои навсохт ҳамчунин барои кормандони шуъба манзили истиқоматӣ бунёд карда шудааст, ки шароити хуби зист доранд. Раисҷумҳури Тоҷқикистон ба кормандони соҳа калиди хонаҳои таъмин бо ашёи рӯзгорро тақдим намудааст.

Фармоишгари ин иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сабр" мебошад.
Масоҳати умумии мавзеи шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бунёдшуда 0,29 гектарро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, сафар, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ