01:12 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Барқи тоҷик, акс аз бойгонӣ

"Барқи тоҷик": болоравии нархи барқ ба камбизоатон зарар намерасонад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
23602

Ширкати "Барқи тоҷик" имрӯз бо як иттилоияи расмие дар бораи гарон шудани нархи барқ эълон кард. Ширкат афзудааст,"тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад"

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Имрӯз ширкати "Барқи тоҷик" иттилоъ дод, ки ибтидо аз 1-уми октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд мегардад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин тағирот дар асоси арори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ" аз 29 августи соли 2017 № 412 дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ ворид карда шудааст.

"Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт.соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт.соат барои аҳоли ҳамагӣ 2,2 дирам боло рафт. Бояд қайд намуд, ки ин тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Илова бар ин, "Барқи тоҷик" мегӯяд, ин мавзӯъро дертар пурра шарҳ медиҳад.

Аз муштариён хоҳиш карда шудааст, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 октябри соли 2017 истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд.

Барчаспҳо:
болоравии нарх, "Барқи тоҷик", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ