15:13 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ифтитоҳи хонаҳо дар Дарвоз

Дарвоз: осебдидагони сел соҳиби хонаҳои нав шуданд

© Фото: Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз хонаҳои навбунёд, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида бунёд гардидаанд ба истифода дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, маҳаллаи нави аҳолинишин дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд гардида, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳу системаи обрасонӣ ва хати барқ таъмин карда шудааст. 

Ёдовар мекунем, ки  рӯзи 8-уми июли соли 2017-ум дар натиҷаи боришоти зиёд аз қисмати рости дарёи  Панҷ селу ярч фаромада, маҷрои об пурра банд гардид. Дар натиҷаи офати табиӣ дар деҳаи Хостав ва се хонаи истиқоматии сокинон дар деҳаи Ширговад яъне дар маҷмуъ 21 хонаводаи ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз пурра ва қисман зарар диданд. 

"Дар мавзеи хушманзараи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз давоми як моҳ бо харҷи бештар аз 4 миллиону 930 ҳазор сомонӣ 21 хонаи наву замонавӣ бунёд карда шуд. Дар ин мавзеъ ҳамзамон барои фарзандони оилаҳои зарардида як мактаб ва барои таъмини сиҳатии аҳолӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ
© Фото: Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур

Манбаъ меафзояд, ки ҳангоми супоридани калидҳои хона, Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон суҳбат кард.

Бинои хонаҳои истиқоматӣ якошёна буда, ҳар яке аз он дорои чор ҳуҷраи алоҳидаи зист аст.

Маҳаллаи нави аҳолинишин дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд гардида, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳу системаи обрасонӣ ва хати барқ таъмин карда шудааст.

Дар маҳаллаи навбунёд ҳамзамон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон мактаби нав — муассисаи таҳсилоти миёнаи №54 ба истифода дода шуд.

Муассисаи нави таълимӣ бо харҷи бештар аз 800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар ду баст барои 300 нафар пешбинӣ шудааст. Фармоишгари лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби ҶДММ "Ноқилсохтмон"-и шаҳри Душанбе дар давоми бештар аз як моҳ амалӣ шудааст. Мактаб 6 синфхона, кабинети компютерӣ бо таҷҳизоти муосир ва анборхона дорад.

Дар маҳаллаи нав, ки дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бунёд гардидааст, ҳамзамон бунгоҳи муосири тиббӣ сохта шуда, он муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти табобатӣ ва имконияти фарох барои қабули шаҳрвандон минбаъд талаботи аҳолии маҳаллаи навбунёд ва гирду атрофи онро ба хизматрасониҳои тиббии муосир таъмин менамояд.

Дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо имрӯз бо оғоз ва ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ ва бунгоҳи солимгардонӣ наздики 20 ҷои нави корӣ фароҳам гардид.

Баъди ифтитоҳи мактабу бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Яхчисори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз раисҷумҳур бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони маҳаллаи нав сӯҳбат кард.

Мавзуъ

Аксҳо аз Дарвоз: талошҳо барои бозкушоии роҳи Душанбе-Хоруғ
Дарвоз: се таркиш дар як рӯз ва бозсозии 375 метр роҳ
Кумитаи авзоъи изтирорӣ: роҳ дар Дарвоз ҳафтаи оянда боз мешавад
Роҳсозон дар Дарвоз: роҳро дар кӯтоҳтарин замон боз мекунем
Бартарафсозии пайомадҳои офати табиъӣ дар Дарвоз идома дорад
Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ