15:17 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Гурӯҳи бонувон, акс аз бойгонӣ

Расонаҳо: парлумон ҷаримаи ҳиҷобпӯшонро ғайриқонунӣ гуфт

© Flickr/ superUbO
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
229 0 0

Рафтори бархе аз намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ки ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб ё шимҳои ҷинси дарида бо ҷаримаи зиёд таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Расонаҳои тоҷикӣ дар истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додаанд, ки Маҷлиси Тоҷикистон гуфтаст, ҷарима кардани ҳиҷобпӯшон ғайриқонунист.

Мувофиқи меъёрҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон", шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба асосҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либоси миллӣ, ҳамчунин ҳимояи онҳо аз таъсири падидаҳои муосири манфӣ ӯҳдадор мешаванд.

"Меъёри мазкур шаҳрвандонро ба риояи ин талабот ӯҳдадор мекунад, вале барои риоя накардани онҳо дар қонунгузорӣ ҷарима пешбинӣ нашудааст", — гуфтааст намояндаи парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, рафтори бархе аз намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ки ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб ё шимҳои ҷинси дарида бо ҷаримаи зиёд таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ мебошад.

Номбурда таъкид дошт, ки худи намояндагони ҳокимият бояд байни мафҳуми "ӯҳдадорӣ" ва "масъулият" фарқ гузоранд, зеро барои ӯҳдадорӣ ҷарима пешбинӣ намешавад.

"Агар қонунгузорӣ дар мавриди маросими тӯй ва азодорӣ ё дигар чорабиниҳо риоя нашуда бошад, ҷарима пешбинӣ шудааст, вале дар қонун манъи пӯшидани ягон либос вуҷуд надорад, аз ин рӯ ба ҷаримабандӣ барои ҳиҷобпӯшӣ касе ҳуқуқ надорад", — афзудааст манбаъ.

Кумитаи занон борҳо гузориш дод, ки дар ин ё он марказҳои шаҳри Душанбе ё бозор дар байни занон юарои ҳифзи либоси миллӣ корҳои фаҳмондадҳӣ гузаронидааст.

Ҳамчунин ин гуна чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии кишвар низ роҳандозӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
ҷарима, парлумон, бонувон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ