Рустам Эмомалӣ созаҳои фарҳангию фароғатиро бозкушоӣ кард

© Фото : Сайт мэрии ДушанбеЦеремония открытия нескольких культурно - развлекательных комплексов
Церемония открытия нескольких культурно - развлекательных комплексов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе дар маросими ифтитоҳи якчанд созаи фароғативу фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, рӯзи 19 сентябр ба муносибати 26-умин солгарди истиқлол, бо иқдоми Рустам Эмомалӣ дар пойтахт чандин созаҳои нав ба баҳрабардорӣ расиданд.

Чунончи, дар чаҳорроҳи кӯчаҳои Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониш дар ноҳияи Шоҳмансур пули роҳи оҳан ва худравгард пас аз навсозӣ расман бозкушоӣ шуд. Ин пул бо чароғакҳо ороиш дода шуда, ки шабона онро бисёр зебову диданӣ мекунад.

Тарҳи бозсозиву навсозии онро ширкатҳои "Кул-дизайн" ва "Инвест лоиҳа" таҳия карда ва корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои онро ширкатҳои "Строймет" ва "Машҳад Коло" анҷом додаанд. Маблағи куллии иҷрои тарҳ беш аз 1,4 милюн сомониро ташкил медиҳад.

Бо иштироки Рустам Эмомалӣ гулгашти назди Истгоҳи Роҳи оҳан то маҷмааи меъмории муҷассамаи Садриддин Айнӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гулгашти мазкур аз сӯи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" пурра навсозӣ гардида, он дар масоҳати наздики 14 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст.

Тарҳи навсозии гулгаштро ширкати "Голддизайн студио" омода карда ва корҳои сохтмониро ширкати "Озодӣ-Ка" анҷом додааст. Маблағи куллии тарҳ 7,8 милюн сомониро дар бар мегирад.

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар доираи корҳои азнавсозӣ, гулгашти мазкур комилан бозсозӣ шуда, дар ҳудуди он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатӣ бунёд ёфтаанд.

Аз ҷумла, дар маркази гулгашт як иншооти истироҳатӣ ва фарҳангию фароғатии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит, майдончаи тафреҳӣ ва иншооти хизматрасонии санитарию ороишӣ бунёд шудааст.

Дар ҳудуди гулгашт фавораҳои ҳаракаткунандаи мусиқавӣ бо таҷҳизоти равшанидиҳанда сохта шудаанд. 4 фаввора, ки қаблан дар ҳолат ногувор қарор доштанд, таҷдид ёфта, пурра аз сангҳои мармар ва хоро дар масоҳати 1350 метри мураббаъ ороиш дода шудаанд. Худи фавораҳои гулгашт бо чароғакҳои рангин насбу васл шуда, тавассути барномаи махсус идора карда мешаванд.

Дар ҳудуди гулгашт дар масоҳати 6 ҳазору 780 метри мураббаъ роҳравҳо бунёд ва сангфарш гардида, майдони беш аз 6 ҳазор метри мураббаъ ба сабзазор табдил дода шудааст.

Инчунин 233 ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ҳусни онро боз ҳам дилработар мегардонанд. Низоми мукаммали муосири обёрӣ бо 600 адад обпошак, ки дар ин мавзеъ фароҳам оварда шудааст, баҳри ҳамеша сабзу хуррам нигоҳ доштани чаманзорҳои гулгашт мусоид хоҳад буд.

Тамоми ҳудуди гулгашт, роҳрав ва тимсолҳои ороишии гулгашт бо истифода аз 480 сутунчароғ ва чароғакҳои гуногуни ороишӣ чароғон гардидааст.

Дар боғи мазкур барои 650 нафар ҷойи нишаст омода гашта, 40 баландгӯяк, ки бо хати радиоӣ пайваст мебошанд, ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Гулгашти мазкур аз пасманзари муҷассамаи Садриддин Айнӣ то чаҳорроҳи кӯчаи Моёншо Назаршоев ва хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 400 метр тӯл мекашад ва аз ду ҷониби бо панҷараҳои мунаққаши гулдор оро дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0