10:33 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва Нуриддин Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Изҳори таслияти ҳукумат ба Эмомалӣ Раҳмон

© Фото: Хадамоти матбуот
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
89620

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил қалби Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ аз таппидан боз монд.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Нуриддин Раҳмон-бародари раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда дошт.

"Шодравон бо хислатҳои некӣ инсонияшон дар ёди дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонанд", — омадааст дар номаи таслият.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин ба бародари марҳум-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонашон изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунад.

Нуриддин Раҳмон — бародари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузаштааст.

Гуфта мешавад, ки бародари раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 7 октябр вафот кардааст. Нуриддин Раҳмон аз бемории сактаи қалб вафот кард.     
    

Мавзуъ

Бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон дар гузашт
Барчаспҳо:
изҳори таслият, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ