10:37 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Рустам Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Муроҷиатномаи ҷавонон ва варзишкорони пойтахт ба Рустам Эмомалӣ

© Фото: Сайт мэрии города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
90522

Варзишгарон ва ҷавонони пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиатнома навиштаанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ин муроҷиатнома дар равобити умумии Кумитаи ҷавонон ва варзиш нашр шудааст. Муроҷиатномаи ҷавонони пойтахтро ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бетағйир ин ҷо мунташир мекунем.

"Имрўз бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу суботи якпорчагии Ватани ободу осуда мо ҷавонон ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро хушбахтарин насл меҳисобем ва эҳсоси ғамхориҳо ва дўстдориҳои раиси шаҳрамон, Рустами Эмомалиро ҳар сари қадам бо фараҳмандӣ эҳсос менамоем.

Ифтихорманд ва толеи баланди мо варзишгарон ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушду инкишофи соҳаи варзиш ба яке аз самтҳои пурарзиш дар меҳвари нақшаву барномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор гирифта, дар ин раванд ба манфиати насли наврасу ҷавон татбиқ гардидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ нишонаи олии қадршиносӣ ва эътимоди Шумо ба ин насл аст.

Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе танҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои сохтамони 76 адад майдончаҳои варзишӣ бо иншоотҳои фароғатӣ дар соли 2017 асос гузошт, ки то ба имрўз ҳамаи он ба пуррагӣ ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, дар доираи "Соли ҷавонон" эълон гардидани соли 2017 бо дастгирии Шумо дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии "Обшорон" – калонтарин Аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат дар майдони 20 000 метри мураббаъ мавриди истифода қарор дода шуд, ки намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ барои наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад.

Ин ташаббусро мо наврасону ҷавонон ва варзишгарони пойтахт аз дастгириҳои падаронаи Пешвои миллат маънидод намуда, ҳавасмандӣ ва ҳамовозии моро ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари мардум ба оммавият ва солимгардонӣ дучанд менамояд. Ин аст, ки имрӯз мо якдилона барои сипосгузорӣ аз ин ғамхорӣ ба хотири ташаккули тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар тамоми иншоотҳои сохташуда ба машғулиятҳои сабуки тарбияи ҷисмонӣ ҳозир шудем.

Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориву садоқати падаронаи Пешвои миллат ва Шумо муҳтарам Раиси шаҳр барои таҳкими сулҳу суббот, амнияти пойдор, осудагӣ, фазои софу беғубори ватан ва зиндагии шоистаи халқи тоҷик, солимгардонӣ, расидан ба куллаҳои баланди илмиву варзишӣ, пайравии ҷавонмардонаи Шуморо идома дода, аз он ифтихор менамоем ва баҳри ободии Тоҷикистон маҳбуб ва пойтахти он шаҳри Душанбе ҳамеша кушиш менамоем.

Мо варзишгарону ҷавонону пойтахт, ҷонибдори сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, будем, ҳастем ва мемонем.

Бо камоли эҳтиром, варзишгарон ва ҷавонони пойтахт".

Барчаспҳо:
сипосномаи ҷавонон, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ