01:28 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Об. Акс аз бойгонӣ

Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе барои як шабонарӯз

© pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Дар бархе аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе обрасонӣ ба муддати як шабонарӯз қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ аз истгоҳи обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ"  қатъ мешавад.

Аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;
— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.

"Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикр-гардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"қатъ мешавад.   

Мавзуъ

Дар кадом манотиқи Душанбе аз 4 то 5 октябр обрасонӣ қатъ мешавад
Қатъи обрасонӣ дар Душанбе барои як шабонарӯз: захира кунед
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе: аз 27 сентябр то 19 октябр
Барчаспҳо:
қатъи обрасонӣ, Тоҷикистон-Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ