10:34 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Рустам Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Шаҳрдори Душанбе бозори "Шоҳмансур"-ро барҳам дод

© Фото: Сайт мэрии города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
61801

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои як қарор бозори "Шоҳмансур"-ро барҳам дод

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, ин қарор рӯзи 11-уми октябри имсол содир шуда, барои тасвиб ба Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешниҳод гардид.

"Корхонаи воҳиди давлатии "Бозори Шоҳмансур" барҳам дода шуда, комиссияи барҳамдиҳии он дар ҳайати замимагардида таъсис дода, ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар хусуси барҳамдиҳии муассисаи мазкур эълон ва маълумотҳои заруриро ба табъ расонад", — омадааст дар қарори раиси шаҳри Душанбе.

Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Корхонаи воҳиди давлатии "Бозори Шоҳмансур" дар ҳамкорӣ бо Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда  дар муҳлати кутоҳтарин барои боз доштани ҳама намуди фаъолият дар ҳудуди бозор ва ба ҷойҳои нави фурӯш таъмин намудани фурӯшандагон чораҳои зарурӣ андешанд.

Гуфта мешавад, ки ин бозор бо мақсади иҷрои татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 58-59, 132, 313-315 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 18 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" барҳам дода мешавад.

Барчаспҳо:
бозори "Шоҳмансур", барҳам дода шуд, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ