20:19 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Мошини милисаҳо. Акс аз бойгонӣ

Нашри рӯйхати ронандагон дар ВКД: аз ҷаримаҳои калон то ҳабс

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
905 0 0

Дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ рӯйхати ронандагони қонуншикан пас аз тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД Тоҷикистон дар ин феҳрист ҷаримабандӣ ва ҳабси маъмурии панҷ ронанда бо далели қонуншиканӣ ҳангоми ронандагӣ оварда шудааст.

Ин ҷаримабандӣ бар асоси тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаҳо тибқи моддаҳои 332, 336, 337 ва 342-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тағйиру иловаҳо аз 28.08 соли 2017 ба миқдори 12 500 сомонӣ ҷарима шуда бархе бо маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати то панҷ сол то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.

Ба гузориши торномаи расмии ВУД 60 ронанда — аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шуда ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд. 21 ронанда тибқи моддаи 336-рондани худрав бе ҳуҷҷҷати ронандагӣ ба миқдори 12500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Ҳамчунин чанде ҳам ба миқдори 10000 ҳазор сомонӣ ҷарима ба ба мӯҳлати то 15 сол ҳаққи ронандагиро аз даст додаанд.

Дар умум дар ин феҳристи ВКД номи 91 ронандаи қонуншискан оварда шудааст.

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин то 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

Пештар ВКД феҳристи ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, мунташир карда буд.

Барчаспҳо:
ВКд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ