10:29 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Офтоб. Акс аз бойгонӣ

Касеро сармо намезанад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Денис Гришкин
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Имрӯз сездаҳуми октябр, ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст,вале дар бархе аз манотиқи кишвар ҳаво нисбат ба рӯзҳои пеш грамтар мешавад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво баланд мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбандаю гарм шуда, дар ғарби вилоят ҳаво рӯзона 21 — 26 дараҷа ва дар шарқи вилоят 7 — 12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорати ҳаво ду дараҷа баланд мешавад. Дар водиҳо ҳаво рӯзона 28 — 33 дараҷа гарм шуда ва бод аз самти ғарб дар як сония 2-7 метр хоҳад вазид.

Дар вилояти Суғд ҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад. Вазиши бод аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳаво 24— 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона ба 24 — 29 дараҷа мерасад.

Ҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва беборишро пешбинӣ мекунанд. Бод аз самти ғарб 2-7 метр дар сония вазида, ҳаво нисбат ба рӯзҳои гузашта гармтар мешавад. Ҳаво шабона 6— 8 ва рӯзона 30 — 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мавзуъ

Ҳушдор аз КҲФ, сангрезиш тундбоду барфу борон: эҳтиёт бошед
КҲФ: аз заминларзаи рӯзи 29 сентябр касе осеб надидааст
Ҳушдор аз КҲФ: ду рӯзи охир дар Тоҷикистон сангрезиш, тундбод, борону барф мешавад
Салиби Сурх барои КҲФ Тоҷикистон равоншинос омода мекунад
Барчаспҳо:
гарм, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ