10:23 19 январи 2018
Пахши мустақим
Акси Садриддин Айнӣ, акс аз бойгонӣ

Интиқоли пинҳонии ҷасадҳои бузургони сиёсиву фарҳангии тоҷик аз Боғи Айнӣ ба Лучоб

© Sputnik / РИА Новости
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Қаблан мақомоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон овозаҳо дар бораи интиқоли аҷсоди ин афрод аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучобро такзиб карда буданд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Ҷасади шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии тоҷикро аз Боғи Айнӣ ба Лучоб пинҳонӣ интиқол додаанд. Дар ин бора хабаргузории Парс Тудей бо такя бар расонаҳои тоҷикӣ иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои ин расона, ҷасади теъдоде аз шахсиятҳои сиёсиву фарҳангии тоҷик ба таври пинҳонӣ аз Боғи Айнӣ дар шимоли шаҳри Душанбе ба оромгоҳи Лучоб мунтақил шудааст.

Ҷасади Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Боқӣ Раҳимзода ва Муқаддам Ашрафӣ аз Боғи Айнӣ дар шимоли пойтахти Тоҷикистон ба гӯристони Лучоб мунтақил шуда, ки бастагони ин афрод мегӯянд, ин иқдом бидуни ҳамоҳангӣ ва иттилои онон анҷом шудааст.

Қаблан мақомоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон овозаҳо дар бораи интиқоли ҷасади ин афрод аз боғи Айнӣ ба гӯристони Лучобро такзиб карда буданд. Аммо акнун мушаххас шудааст, ки ба ғайр аз оромгоҳи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони миллии Тоҷикистон, бақияи ҷасадҳои шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик аз ин боғ ба гӯристони Лучоб мунтақил шудааст.

Тарҳи интиқоли ҷасади ин афрод ба гӯристони Лучоб бо вокунишҳои шадиди корбарони тоҷик, таҳлилгарон ва рӯзноманигорони ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

 Бо ин ҳол, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, аз нигоҳи шариати Ислом интиқоли ҷасад кори писандидае нест, аммо мамнӯъ ҳам нест. Вай таъкид кардааст, ки бо гузашти 20 то 30 сол аз замони фавти афрод метавон дар мавориди зарурӣ бо ризоияти бастагонашон ҷасадҳоро ба гӯристони дигаре мунтақил кард.

Барчаспҳо:
қабр, Лучоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ