15:48 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ришваситонӣ, акс аз юойгонӣ

Декани яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд

© Sputnik / Владимир Федоренко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52320

Декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ барои дохил намудани як довталаб ба бахши буҷҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ 5000 сомонӣ ришва талаб кардааст

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Чуноне ки Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ иттилоъ медиҳад, дар кишвар декани яке аз донишгоҳои ҷумҳурӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрванде аз болои декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҶТ шикоят бурдааст, ки Ҳабибулло Салимов барои дохил намудани як довталаб ба гурӯҳи буҷавии Коллеҷи ҷисмонӣ 5000 сомонӣ ришва талаб кардааст.

Гуфта мешавад, декани факулта дар натиҷаи амалиёти бозҷӯӣ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз дохили худрави гумонбаршаванда- Инфинити-130 рақами қайди давлатиаш 4319 СТ 01 пас аз гирифтани  5000 сомонӣ дастгир шуд.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Салимов Ҳабибулло  бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

Барчаспҳо:
ришва, боздошт, декан, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ