Дар Тоҷикистон чанд тарабхона мавҷуд аст?

© Sputnik / Александр ПоляковВ ресторане. Архивное фото
В ресторане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар қиёс бо кишвари ҳамсоя Қирғизистон, шумораи тарабхонаҳо дар Тоҷикистон шаш маротиба камтар буда, нисбати Узбакистон ду маротиба камтар аст

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Шумораи тарабхонаҳои Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон 6,4 маротиба камтар аст. Ин маълумотро торномаи TripAdvisor мунташир кардааст.

Ин торнома маълумоти вижаро барои гардишгарон ва нафароне, ки хоҳиши истироҳат дар дигар кишварҳоро доранд, пешниҳод мекунад.

Тибқи иттилоъи манбаъ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 136 тарабхона ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 110-тои онҳо дар Душанбе ҷойгир аст.

Дар шаҳри Хуҷанд 15 тарабхона ва дар шаҳри Хоруғ ҳамагӣ панҷ тарабхона ба қайд гирифта шудааст. Шаш тарабхонаи дигар ба дигар манотиқи кишвар рост меояд.

Дар ин торнома имкон аст дар бораи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам маълумот дарёфт кард. Ҳамин тавр дар Қирғизистон беш аз 864 тарабхона дар Узбакистон бошад-329 тарабхона ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0