00:04 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон дар вазорат ва ниҳодҳо масъулинро ҷо ба ҷо кард

© Sputnik /
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2221 0 0

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои чанд қарор дар Вазорати рушди иқтисод ва Мактаби президентӣ дар Ҳисор тағйироти кадрӣ ба амал овард

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоттии раиси ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон чанде аз масъулини вазорат ва ниҳодҳоро ҷо ба ҷо кардааст.

Тавре манбаъ меафзояд, имрӯз бо қарор Ҳукумати кишвар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Макатаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Ҳисор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд.

Чуноне ки гуфта мешавад, бо қарори Ҳукумати ҶТ Саидраҳмон Назризода аз симати муовини якуми вазири рушди иқтисод ба далели ба кори дигар гузаштанаш озод карда шуд ва ба ҷойи вай Завқи Завқизода, ки то имрӯз ба ҳайси ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоли иқтисодӣ фаъолият мекард, нахустмуовини вазири рушди иқтисод таъин гардид.

Ҳамчунин, Шокирҷон Гадоиён аз симати мудири мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар Ҳисор озод карда шуд ва ба ин симат Муҳаммадтоҳир Саидзода таъин гардид.

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ