07:20 21 январи 2018
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ

Душанберо ободтар созед: супориши Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Эмомалӣ

© Фото: Пресс служба Президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
698 0 0

Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат ҳисоботи раисони бархе аз ноҳияҳоро шунид ва ба шаҳрдори пойтахт барои ободтар шудани Душанбе супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон, раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳуриро баргузор кард.

Бино бар иттилои манбаъ дар кори маҷлис масоили кадрҳо, ҷамъбасти рушди натиҷаҳои иқтисодӣ, буҷети давлатӣ, нерӯи барқ, тарҳҳои як қатор қарорҳои Ҳукумат, тарҳи як қатор қонунҳо, баррасӣ гардида, ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиён шунида шуд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин имрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе "Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷамъбаст намуд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас дод.

"Ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои наздишаҳрӣ аз ҳозир барои шинонидани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ дар хиёбонҳо ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳо андешанд",-омадааст дар гузориши манбаъ.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва захираи хурокаю маводи сухт дода шуд.

Барчаспҳо:
ободӣ, маҷлиси ҳукумат, супориш, пойтахт, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ