Аспҳоро зин кунед: дар Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад

© SputnikСкачки в Душанбе, архивное фото
Скачки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабқати аспдавонӣ бахшида ба 23-уми солгарди Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Рӯзи 5 ноябри соли 2017, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ин сабқат беҳтарин аспсаворони ҷумҳурӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Илова бар ин, давр Наврӯзгоҳ ташкили  барномаҳои фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Бино бар қарори раиси шаҳри Душанбе, барои баргузор шудани ин бозӣ аз буҷаи шаҳр  48 700 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

Сабқати аспдавонӣ бахшида ба 23-уми солгарди Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0