Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон корхонаи консервсозӣ ба кор андохт

© Фото : МВД РТМВД Таджикистана производит консервы
МВД Таджикистана производит консервы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон корхонаеро ба кор андохта, ки дар як шабонарӯз беш аз 80 ҳазор консерв тавлид мекунад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Хоҷагии ёрирасони Нерӯҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон корхонаи нави консервсозиро роҳандозӣ кард.  

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУД ҶТ, дар маросими роҳандозии ин корхона раҳбарони вазорат ва ягонҳои ёрирасони он ширкат карданд.

Гуфта шуда, ки ин корхона дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, дар як шабонарӯз метавонад 86 400 дона консерв тавлид кунад.

Маҳсулоте, ки аз заминҳои хоҷагии ёрирасони вазорат ҷамъоварӣ карда мешавад, акнун дар ин корхона коркард гардида, барои Ягонҳои таъиноти махсуси ВКД ва сарбозони Раёсати Нерӯҳои дохилӣ барои зимистонгузаронӣ захира карда мешаванд.

© Фото : МВД РТМВД Таджикистана производит консервы
МВД Таджикистана производит консервы - Sputnik Тоҷикистон
МВД Таджикистана производит консервы

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби ҷашни 23-умин солгарди қабули Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони нави Раёсати бозҷӯии ҷиноии ВУД ҶТ дар шаҳри Душанберо ба баҳрабардорӣ расонд.

Сохтусози ин сохтмон дар моҳи ноябри соли 2016 оғоз шуда буд. Он дар хиёбони Фотеҳ Ниёзӣ ҷойгир шуда 5 ошёна, 60 утоқи корӣ, як толори маҷлис барои 150 кас, хобгоҳ барои 30 афсар, толори варзишӣ, ошпазхона ва дигар сохтмонҳои ёрирасон дорад.

Дар маросими пардабардорӣ аз сохтмони нав ҳамчунин вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Сайидмуъмин Ятимов, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ва дигар масъулини давлатӣ, низомӣ ва интизомӣ ширкат карданд. 

Лентаи хабарҳо
0