20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Китобҳо. Акс аз бойгонӣ

"Зоопарк": дар Тоҷикистон китоби нав нашр шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Дар Тоҷикистон китоби нави Абдуғаффори Абдуҷабор ба табъ расид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, ин китоб дар нашриёти "Адиб" нашр шудааст. 

Китоби нави нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор таҳти унвони "Зоопарк" ба табъ расид.

Китоби "Зоопарк", даҳ резаҳикоя аз силсилаи "Лаҳзаҳо" ва ду намоишнома: "Суруди вопасин" ба ифтихори 100-солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ ва "Зодрўзи рўбоҳаки соддаяк"-ро дар бар гирифтааст.

Китоби Зоопарк
© Фото: Аз равобити умумии Вазорати фарҳанг
Китоби "Зоопарк"

Асарҳои драмавии муаллиф таи солҳои охир дар Театри лўхтак ва Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз ҷониби коргардони машҳур таҳия гардида, ҳикояҳову қисса ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар Тоҷикистон ҳафтумин намоишгоҳи байнулмилалии "Китоби Душанбе" ҷамъбаст шуд. 

Ҳамин тавр, дар номинатсияи "Ношири муваффақ" ҷои якумро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Ганҷ Нашриёт" ҷои дуюмро ҶДММ "Илм" ва ҷои сеюмро  ҶДММ "Ношир" ба даст оварданд.
Дар номинатсияи таблиғгари беҳтарини китоб  ҷои аввал ба шоир Гурез Сафар, ҷои дуюм ба директори КВД таъминот ва савдои "Китоб"  Сироҷиддин Икромӣ  супорида шуд.

Дар номинатсияи муаллифи сермаҳсули сол-Мирзо Муллоаҳмад ба гирифтани ҷои аввал, Равшан Раҳмонӣ ба гирифтани ҷои дуюм ва Гулчеҳра Муҳаммадиева ба гирифтани ҷои сеюм муваффақ гардиданд.

Мавзуъ

Нашри китоб дар васфи қаҳрамони варзиши тоҷик Дилшод Назаров
Нашри “Газета”-и Шарифзода дар Душанбе
Нашри “Қадаме ба биҳишт” дар нашриёти Сино
Барчаспҳо:
нашри китоб, "Зоопарк", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ