19:59 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Болғаи суд,акс аз бойгонӣ

Котиби додгоҳ ҳагоми гирифтани 4000 доллар пора дастгир шуд

© Sputnik Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
273 0 0

Баҳром Кенҷав ваъда додааст, ки бар ивази 4000 доллар баҳси граждании манзили истиқоматиро ба фоидаи ахирон ҳал мекунад

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди ҶТ гузориш медиҳад, ки котиби коллегияи додгоҳии шаҳри Душанберо ҳангоми гирифтани  ришва боздошт кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, котиби коллегияи додгоҳии шаҳри Душанбе Баҳром Кенҷаев аз як сокини шаҳр, ки дар додгоҳ баҳси граждани доштааст, 4000 ҳазор доллар ришва талаб кардааст.

Гуфта мешавад, кормандони ожонс Баҳром Кенҷаевро ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

"Котиби додгоҳ ваъда додааст, ки бар ивази 4000 доллар баҳси граждании манзили истиқоматиро ба фоидаи ахирон ҳал мекунад",-омадааст дар хабар.

Нисбати Баҳром Кенҷаев парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ришва, Ожонси мубориза бо фасод, додгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ