Тақдими сипосномаҳо ба ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкМолодежь в Душанбе, архивное фото
Молодежь в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳокимияти вилояти Суғд, дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дар мулоқот сардори раёсати кор бо ҷавонон Шаҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, гирандагони идрорпулии раисҷумҳур, ғолибони олимпиадаҳо ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд миёни ҷавонон мусобиқаи байналмилалии куштии озоду фарангӣ баргузор мешавад

Ба гузориши манбаъ, дар ин чорабинӣ, масъулин дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва эълон шудани Соли ҷавонон, барномаҳои махсуси давлатӣ барои ҷавононро муҳокима карданд.

Ҳамчунин дар мулоқот мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Ғайрат Бобоҷонов, гирандагони идрорпулии раисҷумҳур-Фарзона Султонова ва Амонбой Амонов доир ба дастовардҳои ҷавонони замони истиқлол сухан гуфтанд.

Ҷавонони фаъоли шаҳр бо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0