19:59 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Кохи Навруз, акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон ҷашнвораи филмҳои Корея баргузор мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Дар доираи ҷашнвора рўзҳои 11 ва 12 ноябр дар хонаи синамои "Кохи Наврўз" 4 филми кореягӣ манзури мухлисони синамо хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷашвораи филмҳои Корея доир мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷиаистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 11 то 16 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар доираи Фестивал рўзҳои 11 ва 12 ноябр дар хонаи синамои "Кохи Наврўз" 4 филми кореягӣ манзури мухлисони синамо хоҳад шуд.

"Рӯзҳои 14,15 ва 16 ноябр дар гўшаи Кореяи Китобхонаи миллии Тоҷикистон 5 филми дигар ба намоиш гузошта мешавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Боиси зикр аст, ки ҷашнвораи филмҳои кореягӣ аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мегардад.

Қаблан чунин фестивал солҳои 2013 ва 2015 доир гардида, шумораи зиёди тамошобинони филми кореягиро ҷалб карда буд.

Барчаспҳо:
ҷашнвора, вазорати фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ