20:00 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Меҳмона, акс аз бойгонӣ

ВУД: мудири меҳмонхонаи пойтахт барои ташкили фоҳишахона дастгир шуд

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
200 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар гузориш мушаххас накардааст, ки ин зан кадоме аз меҳмонхонаҳои пойтахтро мудирӣ мекардааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки зани ҷавонеро барои ташкили фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, зани 23-солаи сокини пойтахт, зимни бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД бо гумони даст доштан дар ташкили фоҳишахона дар меҳмонхонае, ки онро мудирӣ мекардааст, боздошт шудааст.

"Номбурда, саннаи 12-уми ноябри соли 2017, меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 27-сола ва зани 24-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ва марди 24-солаи сокини пойтахт ва зани 27-солаи сокини ноҳияи Бохтар барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ гирифтааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Дар пайи рухдоди мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, мудир, меҳмонхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ