20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Маркази сӯхтгирии Умед-88, акс аз бойгонӣ

Раиси ширкати "Умед-88" ваъда дод, ки эътибори давлатиро пардохт мекунад

© Sputnik Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
283 0 0

Аҳли хонаводаи наздикони Одинаев аз раисҷумҳури Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ӯро бо далели вазъи саломатиаш озод кунанд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раҷабалӣ Одинаев- раиси ширкати "Умед-88", ки дар тӯли як моҳ дар боздоштгоҳ қарор дорад, ваъда медиҳад, ки бо кӯмаки сармоягузорони хориҷӣ эъбори давлатиро пардохт хоҳад кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкати "Умед-88", ки дар моҳи гузашта ба давлат 55 ҳазор сомонӣ пардохт кард, тасмим гирифтааст, ки ба зудӣ пардохти боқимондаи эътибори давлатиро анҷом диҳад.

Аҳли хонаводаву наздикони Одинаев ба раисҷумҳури Тоҷикистон тариқи як паём дархост кардаанд, ки ӯро ба далели вазъияти саломатиаш озод кунанд.

Онҳо дар паём мегӯянд, ки дар сурате ки Одинаев озод мешавад, ширкат дороиҳои худро ба замонат хоҳад гузошт ва аз шарикҳои хориҷӣ пардохти 40 миллион долларро дархост хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакили Одинаев, ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки ба шарти берун нарафтан ӯро озод кунанд, то ӯ тавонад, ки эътибори чандмиллионаи аз ширкати НБО Роғун дарёфткардаашро бар гардонад.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар вазорати молияро, ки бо роҳҳои гуногуни нофаҳмо ба ширкати "Умед-88" ба буҷаи давлат беш аз 170 миллион сомонӣ (19,3 миллион доллар) ироа кардааст, сахт интиқод кард.

Ба гуфтаи раисҷумҳур ширкат дар тӯли 2 сол ин эътиборро ба Ҳукумат бар нагардонидааст.

Баъд аз ин интиқод кормандони Ожонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо фасоди кишвар Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Иброҳимов мудири ширактаи "Умед-88"-ро ба гумони ба сурати ғайриқонунӣ дарёфт кардани эътибор, саркашӣ аз пардохти молиёт ва тақаллуби аснод боздошт карданд.

Рӯзи 27-уми октябр Набиҷон Мирзоев, ҳисобдори кулли ширкат ва 3 тан мудири марказҳои сӯхтгирии ширкат боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Барчаспҳо:
боздошт, эътибор, Раҷабалӣ Одинаев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ