05:38 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Наручники одетые на  женщину

Дар Ҳисор модар ва духтар барои манзил шуда,"киллер" киро карданд

© Flickr/ houstondwiPhotos mp
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
503 0 0

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар Ҳисор модар ва духтар барои куштани хешовандон, бо мақсади аз худ кардани манзил "киллер" киро карданд.

Кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангомиҷустуҷӯ зани 54-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва духтари 26-солаашро ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба куштор дастгир намуданд.

Номбурдагон, охирҳои моҳи октябри соли равон пас аз муноқишаи оилавӣ дар сариманзил барои куштори хушовандон- падар ва писар одамкушеро киро карда, ваъда додаанд, ки барои ини "хидматаш" ба вай 12 000доллар "мукофотпулӣ" медиҳанд.

"Вале ҷиноят то ба охир расонида нашуда, аз ҷониби кормандони милитсия пешгирӣ карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
манзил, куштор, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ