05:37 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Сардиҳо дар Маскав

Яхбандӣ, тарма ва барфу борон: ҳушдори обуҳавошиносон ба сокинони Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Блинов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
155 0 0

Обуҳавошиносони мамлакат иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок, бориши борону барф ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар робита ба боришоти барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистоон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Обуҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок, бориши борону барф ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, рӯзона бебориш ва шабона дар баъзе ҷойҳо боридани барф дар назар аст.Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 19-24 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо шабона боридани барф ва рӯзона ҳавои туманолуди бебориш пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 —7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок, шабона боридани барфи кӯтоҳмуддат, рӯзона бебориш ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа хунук ва рӯзона 3-5 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
яхбандӣ, барф, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ