05:38 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Барфрезӣ дар Душанбе

Тармафароӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Искандар Аминов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 6 декабр дар кишвар ҳаво абрию сард мешавад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки ба далели бориши зиёди барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад.

"Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад", — омадааст дар хабарнома.

Ба гузориши манбаъ, аз 6 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Тибқи маълумоти Созмони обуҳавошиносӣ имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абриву нимаабрӣ ва бебориш хоҳад буд. Ҳаво дар шарқи вилоят шабона 14 — 19 дараҷа сард ва рӯзона 5 — 10 дараҷа сард мешавад.

Дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона 6 — 11 дараҷа ва рӯзона 1 — 6 дараҷа хунук мешавад. Бод аз сӯи шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрноку бебориш пешбинӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 2 — 7 дараҷа сард ва рӯзона 2 — 7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6 — 11 дараҷа сард шуда ва рӯзона то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш ва баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок мешавад. Дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 — 7 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноку бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 4 — 6 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барфрезӣ, тармафароӣ, ҳушдор, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ